БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕД!

ВОКУНИШ. Сулҳу оромӣ неъмати бебаҳотарин дар ҳаёти ҳар миллат ба ҳисоб меравад ва ҳимоя аз ҳар гуна манфиатҳои миллӣ зери ливои сулҳу дӯстӣ афзалтару осонтар аст.

Рушди илму фарҳанг ва дигар дастовардҳои давлатдорӣ маҳз тавассути ваҳдати комил ба бор меояд. Тақрибан давлатҳое, ки солҳои тулонӣ оташи ҷангҳои бемаънӣ фарогирашон нашудааст, нишон медиҳад, ки ягон соҳаи он рушд накарда, мардумаш зери фишори аҷнабиёни ҷангҷӯй қарор доранд. Ба ғайр аз ин кулфатҳо сирояти бемориҳои гуногун бетартибиҳои дохилидавлатӣ уқубате гардидааст бар сари ин миллатҳо. Ҷонибдорони ҷангҳои сард зери мафҳуми мусаллаҳшавии бошитоб аз истеҳсол ва фурӯши намудҳои гуногуни яроқ фоида ба даст оварда, сиёсати пинҳонии ҷангандозиро дар кишварҳое, ки фарҳангашонро хуб ҳифз карда наметавонанд, роҳандозӣ намуда, ба ин восита роҳи фурӯши яроқро меёбанд.

Ва аз тарафи дигар иқтисодиёти ин давлатҳо вайрон гардида, муҳтоҷ ба кумак ва дастгириҳои дигарон мешаванд. Дар сурати мазкур онҳо ба бозичаи дасти дигарон табдил ёфта, аз манфиатҳои худ муҳофизат карда наметавонанд. Аз ҳамин нуқтаҳои назар фикр мекунам, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, ки «Зиракии сиёсиро аз даст надиҳед».

Ин суханҳо маъноҳои зиёд дошта,  касро ҳушдор месозад, ки ҳаматарафа фикр намуда, давлат ва зиндагии худро аз даст надиҳанд то, ки пушаймони суд надорад,

Файзуллоев Ҳабибулло, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш                   

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg