БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОХТМОНИ БИНОИ МАЪМУРИИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ БОХТАР ИДОМА ДОРАД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси супориши Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин дирӯз сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумситаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ҳамзамон сарпарасти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳусейнова Саёра аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар боздид намуд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ҳар се ошёнаи бино ба итмом расида, боми бино пӯшонида шудааст, тирезаҳо дар тамоми ошёнаҳои насб гардида, дар ошёнаи якум ва дуюм  корҳои васлкунии ноқилҳои барқӣ низ ба анҷом расиданд. Дар ошёнаи сеюм бошад корҳои васлкунии ноқилҳои барқӣ идома дорад. 

Маврид ба ёдоварист, ки бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар аз се ошёна иборат буда, корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2019 оғоз ёфта, бо тариқи ҳашар ва саҳмгузории аъзои ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бунёд ёфта истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg