БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ… ОҒОЗ ГАРДИД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар Кохи Ватани дар шаҳри Бохтар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ..." оғоз гардид.

Дар маросими кушодашавии озмун, муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода ва дигар масъулин иштирок намуда,  таъкид доштанд, ки озмуни имсола назар ба соли пешин фарқияти куллӣ дорад. Зеро шумораи иштирокчиён зиёд гардида, талабот ба довталабон низ сахттар карда шудааст. 

Иттилоъ дода шуд, ки шоҳҷоизаи озмун бо ибтикори  раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ба андозаи 3000 сомонӣ муайян шуда, баъди ҷамъбасти озмун ба ғолиб аз ҷониби раиси шаҳр супорида мешавад.

Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Фуруғи субҳи доноӣ..." дар шҳари Бохтар 2 рӯз идома карда, рӯзи сеюм маросими ҷамъбасти он ва қадршиносии ғолибон бо иштироки раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ва дигар шахсони масъул баргузор мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg