БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУШЁРИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ!

ВОКУНИШ. Воқеан сулҳу суботи тоҷикон таҷрибаи  ибратомӯзест ва барои тарбияи насли наврас дар руҳияи ахлоқи ҳамида шукургузорӣ аз хаёти тинҷу осуда ва инчунин, расидан ба қадри ваҳдату Истиқлолият якдигарфаҳмӣ аз арзишҳои воло бархӯрдор аст. Махсусан дар вазъияти кунунӣ, ки гурӯҳҳои ифротгару хоини беватан  мехоҳанд халалдори сулҳу суботи мо гарданд, дар ин маврид мо бояд ҳушёриро аз даст надода,  аз як гиребон сар бароварда нагузорем, ки шахсони  ба Кабирӣ монанд  бо гуфтаҳои нохалафонаи худ фикрҳои моро парешон намоянд, бояд дастҷамъона,  оқилона зери  партаву  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаракат намоем, чунки мо пайрави Пешвои созандакор ҳастем. Имрӯзҳо аз шабакаҳои телевзиони Тоҷикистон филмҳои ба солҳои ҷангу  хунрезиҳои мардуми сарбаланд намоиш дода мешавад, ки ин ба чашм даҳшат менамояд. Рӯзҳое, ки ба давлату миллати мо аз ҷониби  гурӯҳҳои палиду беимон беватану  бесавод шуришҳо меандохтаанд фаромӯш нахоҳад гашт ва то ҳанӯз бо фитнаву найранги хеш  мехоҳанд зиндагии мардумро  талх  созанд ва бо  нияти  нопоки  худ  пояҳои  Истиқлолияти давлатиро заиф  гардонад, аммо  мо нахоҳем  гузошт  то, ки ин гуна  ашхоси  беватан  ба давлати тинҷу осудаи  мо халал ворид созанд, чунки мо ҷавонони  созандакор, ботарбия, соҳибмаърифату ватандӯстдор дорем. Таҳти сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  фаъолият  менамоем. Чи хеле,ки медонем ва огаҳ ҳастем, душман ҳиллагару маккор аст ва бояд ақлҳоро  кор фармонд, то ки фирефтаи гуфтаҳову  найрангҳои  ашхоси  бадхоҳ нагардем ва барои осоштагии миллат саҳми созгоре дошта бошем.

Зиндаву поянда бод Тоҷикистони азизам!

Ҳайдарзода Ҷонона, директори боғи марказии шаҳри Бохтар ба номи Раҳмон Мӯрчаев

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg