
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои фаҳмонидани хатари бемории коронавирус ба мардум гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар деҳаи Муротеппа 2-и Ҷамоати деҳоти Фирӯза бо усули «хона ба хона» вохӯрию суҳбатҳо баргузор намуда, сокинонро даъват, карданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар оилаҳояшон нигоҳ доранд ва барои иҷрои пешгирии беморӣ ба онҳо варақаҳои тавсиявӣ тақсим намуданд. Инчунин, дар идома масъулин оид ба истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишти такрорӣ ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ бо аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ суҳбат карда, қайд намуданд, ки истифодаи самараноки замин ба хотири беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии ҳаррӯзамон дар замин заҳмати софдилона намоем, то ин ки ҳосили дилхоҳ ба даст орем.