БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ВОБАСТА БА МАВЗӮЪҲОИ МУҲИМИ РӮЗ ДАР МАҲАЛ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Шарипов Қурбон корҳои тарғиботиву ташвиқотиро доир ба пешгирии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки замин дар маҳаллаҳои ба номи  Мирзо Турсунзода, Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва Шириншоҳи Шоҳтемур бо усули “хона ба хона” суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.

Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ аз ҷониби масъулин, вобаста ба мавзӯҳои муҳими рӯз, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, бемории сироятии коронавирус андешаронӣ карда шуда, аз сокинон ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар хонадон, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ барои муҳофизат аз сироятёбии коронавирус даъват ба амал оварда шуд.

Дар раванди суҳбату вохӯриҳо ба сокинон 300 адад ниқобҳои муҳофизатӣ ва 220 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуда, минбаъд низ чунин мулоқотҳо дар деҳаву маҳаллаҳои дигари шаҳри Левакант идома хоҳад дошт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg