БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ҲИЗБИЁН ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

АНДЕША. Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои ҷавони олам ба ҳисоб меравад ва 70% мардумро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ки ҷавонон чун нерӯи созанда дар рушду пешрафти ҷомеа нақши бағоят бузург доранд ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо чун насли ояндасози миллат аҳамияти хоса медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми хеш, ки 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда буданд, саҳми ҷавононро дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон назаррас ва саривақтӣ дониста, қайд карданд, ки: «Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад. Мо иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакатро дар сохтмони нерӯгоҳу корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла дар нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва корҳои бунёдкориву созандагӣ баръало мушоҳида менамоем. Сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст. Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан-Модар шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд».                   

Дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,   Раиси  муаззами Ҳизби Халқии Демокатии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои дастгирӣ ва тарбияи ҷавонон саҳми арзанда гузошта истодааст. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон 67992 нафар ҷавонон аъзои ҲХДТ мебошанд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва КИМ ҲХДТ барои пешгирии бемории сироятии короновирус ва роҳҳои ҳимояи сироятёбӣ аз он, инчунин ҷиҳати дуруст ва самаранок истифодабарии заминҳои кишоварзӣ  тадбирҳои судманд андешида, чораҳои саривақтиро роҳандозӣ намуда истодааст. Ҳамарӯза байни мардум, махсусан чавонон ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ аз ин беморӣ ва риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштро мунтазам вобаста ба огоҳнамоии вазъияти ҷаҳони имрӯза тавассути  мулоқоту вохӯриҳои “хона ба хона”, суҳбатҳои сарироҳӣ, хонишҳои сиёсӣ ва аксияҳои ҳизбӣ дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти хизбӣ ва барномаи ҳизбӣ иштироки фаъолона доранд. Аз ҷониби кормандони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бошад, корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шуда, онҳоро дар омӯзиши таърихи давлату миллати хеш, ҳуввияту худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани нерӯи ақливу зеҳнӣ ба хотири созандагиву ободонии Ватани азизамон -Тоҷикистон сафарбар намуда истодаанд. Шурӯъ аз 3 апрели соли 2020 сар карда, ҳамарӯза  кормандон ва 472 нафар волонтёрони Кумитҳои иҷроияи ХҲДТ дар  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  аксия ва мулоқоти “Хона ба хона” доир намуда, дар ин вазъияти ҳассоси зиндагӣ ба сокинон кумак ва ва миёни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.  Санаи 02.07.2020 зиёда аз 6300 мулоқоти “хона ба хона”  гузаронида шуда, ба ниёзмандон зиёда аз 4100 дона ниқоби муҳофизатӣ, 520 адад маводи антисептикӣ  дастрас карда шудааст. Вобаста ба сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии оилаҳои табибон ва ниёзмандон ҳамарӯза зиёда аз  400 кг маводи ғизоӣ,  7800 варақаҳои иттилоотӣ оид ба коронавирус, 3320 адад варақаҳо оид ба самаранок истифодабарии замин дастраси мардум карда шуданд. Кумакҳои зикршуда ҳамарӯза зиёда аз 28600  нафарро дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаро гирифта, нишонаи ғамхории ҲХДТ нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва дар маҷмӯъ мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.Мақсади асосии мулоқотҳо ва дастрас намудани варақаҳои иттилоотӣ ба мардум ҷиҳати огоҳ намудан аз бемории короновирус ва роҳҳои пешгирии он, дастрас намудани ниқобҳои тиббӣ ба эҳтиёҷмандон, огоҳ намудани мардум барои истифодабарии самараноки заминҳои корам, таъмини маводҳои ғизоӣ ба оилаҳои  эҳтиёҷманд ва табибон,  дар баробари тарбияи ҷавонон огоҳ намудани онҳо аз хатарҳои терроризму экстремизм ва гурӯҳҳои ифротӣ, инчунин таъкиди саривақтӣ  барои омӯзиши илму дониш равона гардидааст. Ҷавонон ҳамарӯза дар чунин чорабиниҳо фаъолнокӣ нишон дода, барои пешгирии ин беморӣ  саҳмгузорӣ намуда, дар ин руҳия тарбия меёбанд. Дар баробари иштироки фаъолона ҷавонони моро зарур аст, ки ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ, анъанаҳои неки халқи куҳанбунёди тоҷик эҳтироми хос зоҳир намоянд ва таърихи гузаштаи худро амиқ омӯхта, ба арзишҳои неку писандидаи ниёгони хеш арҷ гузоранд. Чун ҷавононро ояндаи миллат мегӯянд, дар ин самт мо ба хеҷ ваҷҳ набояд нисбати тақдири давлату миллат ва созандагию бунёдкории он бетараф бошем. Ба души мо ҷавонон дар айни замон масъулияти пуршарафи ватандориву ватансозӣ гузошта шудааст. Моро зарур аст ҷиҳати ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, истиқлолият ва озодии миллати хеш беш аз пеш кӯшиш намуда, нагузорем, ки кадом як асолатбохтае дини моро, миллати моро ба муқобили худамон истифода барад, миёни миллати тоҷик иғвою дассиса андозад ва моро ба Ватан-Модарамон душман созад.

Асроров Саидшо, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон                                       

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg