![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200715_090450.jpg?itok=RID9SnWV)
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оид ба оқилона, истифодабарии заминҳои бекорхобидаи кишоварзӣ, миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, инчунин таъкид намуданд, ки барои боз ҳам ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ мо бояд сарҷаъмона меҳнат намуда, ҳар як порча замини наздиҳавлигиро оқилона истифода барем ва ба ин васила шароити зиндагии худро беҳтар сохта, бо мақсади аз ҳар қитъаи замин рӯёнидани ҳосили хуб ҷидду ҷаҳд намоем.
Инчунин, дар идомаи суҳбат вобаста ба бемории сироятии коронавирус андешаронӣ карда шуда, сокинон ба риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ даъват гардиданд.