БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ АРЗАНДА МЕҲНАТ МЕКУНЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади самараноку оқилона истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Тосқаълаи Ҷамоати  деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ бо усули “хона ба хона”  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҳафиза Сафар оид ба самаранок истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ бо сокинон суҳбат намуда, қайд кард, ки кишоварзони мо бояд аз заминҳои вобастагардида на камтар аз се - чор ҳосил ба даст оранд.

Сипас, ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg