ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи ба номи Исмоили Сомонӣ чорабинии таблиғотии ҳизбиро роҳандозӣ намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ба аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуда, сокинонро вобаста ба пешгирии ин вабои аср ҳушдор доданд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба ҳар як шахс дар ин давраи ҳассоси зиндагӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад. Аз ин рӯ моро зарур аст, тибқи тавсияҳои табибон амал намуда, худ ва дигарон аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем.