ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Сомониён”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов бо усули “хона ба хона” оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID - 19) ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Масъхулин дар рафти суҳбат бо сокинон аз бемории сироятии коронавирус андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дода шудааст, бояд ки мо шаҳрвандон аз ин тавсияҳои судманд васеъ истифода карда, саломатии худ ва дигаронро ҳифз намоем. Сипас, дар бораи истифодаи самараноки замин ба аҳолӣ як қатор маслиҳату тавсияҳо дода шуда, дар баробари он ба онҳо маводҳои таблиғотӣ, муроҷиатномаи ҲХДТ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд.