ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва мафҳуму муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Родмардон” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод иштирок дошта, зимни суҳбат қайд намуд, ки агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати хеш огоҳии комил медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мебардоштем, шояд тӯфони офатбори ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба сари халқи тоҷик омад, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Омeхтани таърих танҳо ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад.