ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ дар деҳаи Ҳилолӣ 2 бо усули “хона ба хона” бо ҷалби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон мулоқот доир карда шуд.
Дар суҳбат намояндагони ҳизбӣ вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки замин, аз ҷумла ба роҳ мондани корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ мулоҳизаронӣ карда, иброз доштанд, ки татбиқи дастуру супоришҳои мазкур ба манфиати мо шаҳрвандон буда, моро месазад баҳри иҷрои ин амалҳои созанда чораҳои заруриро андешем. Дар охир ба шаҳрвандон муроҷиатномаи ҲХДТ ва маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуда, таъкид гардиданд, ки бе ниқобҳои тиббӣ ба кӯча набароянд ва аз қоидаҳои гигиенӣ васеъ истифода баранд.