ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади нигоҳ доштани солимии ҷомеа ва самараноку оқилона истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин бо усули “хона ба хона” бо сокинони деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Зимни баромад мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев оид ба оқилонаву самаранок истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешгирии бемории сирояти коронавирус бо сокинон суҳбат намуданд.
Масъулин дар суҳбат вобаста ба қоидаҳои ҳатмии беҳдошт, бахусус риояи фосилаи байниҳамдигарӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, инчунин тез-тез шӯстани дастон, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, худдорӣ аз истеъмоли нӯшобаҳои хунук, бе зарурат берун набаромадани шахсони синнашон аз 65 боло суҳбат карда, бо додани 375 варақаҳои тарғиботии риояи қоидаҳои ҳатми беҳдошт ва ниқобҳои тиббии истифодаашон бисёркарата чорабинии ҳизбӣ анҷом ёфт.