ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба пешгирии паҳншавии эпидемияи COVID - 19 ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи Аксияи «хона ба хона» дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон мулоқот доир намуданд.
Кормандони ҳизбӣ дар ин рӯз бо сардорони оилаҳо суҳбат намуда, ба онҳо маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва ба қадри имкон маводҳои безараргардонӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуда, таъкид сохтанд, ки худ ва наздиконатонро аз сироятёбь ба ин беморӣ ҳифз намоед.