БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИШОВАРЗӢ САМТИ АФЗАЛИЯТНОК АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  мақсади  бархӯрдор  намудани сокинон аз бемории сироятии   коронавирус    бо  усули  “хона  ба  хона”   бо иштирок ва ҷалби кормандон  ва  волонтёрони   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик    дар   маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки  Совет чорабинии  ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ   мудири  шуъбаи  кор  бо  ҷавонон  ва  занони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик   Абдулманонов  Сорбон   иброз  дошт, ки  пешгирӣ  аз  табобат  беҳтар  буда,  бояд  кӯшиш  ба  харҷ  диҳем, ки бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аз  сироятёбӣ  ба  бемории  коронавирус  эҳтиёт бошем. Сипас, ҷалби  сокинон  ба корҳои хоҷагидорию  зироаткорӣ,  кишоварзӣ  дар  ҳар  сотиқи  замин,  инчунин вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуда, иштирокдорон ба амалҳои созанда раҳнамоӣ гардиданд.

Дар  анҷом   ба  иштирокчиён  муроҷиатномаи ҲХДТ,  варақаҳои иттилоотӣ оид ба  истифодаи  самараноки  заминҳои  кишоварзӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ барои  пешгирии  бемории  сироятии  коронавирус  дастрас карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg