МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Истиқлолият рамзи шарафу номуси ватандорист» мизи мудаввар доир гардид.
Дар мизи мудавар мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Алишери Амрохон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Раҷабов Абдулло ва аъзои маҳфили волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок ва суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар ҳақиқат Истиқлолият дастоварди бузургу муқаддас барои миллати тоҷик аст, ки мо имрӯз дар фазои сулҳу ороми кишвар , дар шароитҳои хубу замонавӣ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кору фаъолият дорем ва мо шаҳрвандонро зарур аст, ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва ҳар лаҳзаву ҳар соати худро баҳри боз ҳам ободтару зеботар гардидани ин диёри аҷдодӣ ба корҳои созандагиву ободонӣ сарф намоем Дар охир чанде аз иштирокдорон фикру андешаҳои хешро роҷеъ ба ин вожаи муқаддас-Истиқлолияти давлатӣ баён дошта, барои ташкилу баргузории чунин чорабинии сиёсӣ миннатдорӣ баён карданд.