ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иқдоми вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Суҳроб Таваралиев барои муқовимат ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ба Беморхонаи №1-и шаҳр воқеъ дар деҳаи Баҳодурони Ҷамоати деҳоти Гулистон 250 адад мањлули антисептикӣ кумак расонида шуд.
Чуноне, ки раиси Ҷамоати деҳоти Гулистон Гулистон Қувватова изҳор дошт, чанде пеш аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант 6 адад либоси муҳофизатии тиббӣ, 100 дона ниқоб ва аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бошад, барои дастгирии кормандони беморхона маводҳои зиёди хӯрока кумак карда шудааст.