КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар деҳаи ба номи Ҳ. Собитови Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён чорабинии мақсаднок гузарониданд.
Дар рафти чорабинӣ, масъулин ба аҳолии деҳаи зикршуда маълумотҳои зарурӣ оид ба бемории мазкур дода, таъкид карданд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва пӯшидани ниқобҳои тиббӣ беҳтарин роҳи наҷот аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ мебошад. Сипас, барои иттилооти бештар пайдо кардани сокинон маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.