БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТӢ ГАНҶИ НОЁБ АСТ!

ДӮСТӢ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади боз ҳам пурзӯр кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни омма аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус  ва истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин  бо усули “хона ба хона”  чорабинии ҳизбӣ доир гардид.

Намояндагони ҳизбӣ дар чорабинии мазкур вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки замин андешаҳои хешро баён дошта, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки  ба манфиати шаҳрвандон мебошад, бепарво набошанд ва  бо амалҳои созанда  дар пешрафту ободии Ватан саҳмгузор бошанд.

Дар охир  ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ  дода шуда,  таъкид  карда шуд, ки бе ниқоби муҳофизатӣ  дар кӯчаҳо гаштугузор  накунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg