ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба солимии аҳолӣ ва пешгирии бемории сироятии коронавируси (COVID-19) дар Бозори марказии деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.
Дар суҳбат ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуда, ба ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ фаҳмонида шуд, ки бемории коронавирус дар ҷумҳурӣ пурра аз байн нарафтааст ва ҳоло ҳам гирифторшавӣ ба ин беморӣ дида мешавад. Аз ин рӯ, мардум набояд бепарво бошанд, зеро бепарвогии мо метавонад ба ин беморӣ имконият дода, саҳти паҳншавии он шиддат ёбад. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди худогоҳро мебояд, ки талаботҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятиро қатъӣ риоя намуда, ба паҳншавии он роҳ надиҳад.