Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус дар Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” доир гардид.
Дар суҳбат масъулин вобаста ба бемории сироятии коронавирус ва нишонаҳои пайдоиши он сухан гуфта, таъкид карданд, ки ягона роҳи наҷот аз ин бемории хатарнок риояи гигиенаи шахсӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ дар хонадон мебошад. Инчунин, дар ин раванд дар бораи самаранок истифода бурдани замин, аз ҷумла ба роҳ мондани корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ, кишти такрорӣ андешаронӣ карда шуда, ҳамагон ба корҳои созанда раҳнамоӣ гардиданд. Дар охир ба сокинон аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.