БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ВА 29 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Таҷрибаи пешрафта собит намудааст, ки дастгирӣ намудани насли ҷавон дар ҳама давру замон яке аз роҳҳои таҳким бахшидани рушди босуботи кишвар маҳсуб меёбад.

АНДЕША. Бо дарки ин маънӣ дар кишвари азизамон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ баҳри дастгирии ҷавонон, ба камол расидан ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқу соҳибмаърифат, солиму тансиҳат ва соҳибкасб будани онҳо сол то сол имкониятҳои мусоид фароҳам гардида истодаанд.

Дар навбати худ ҷавонон низ масъулияти бузурги шаҳрвандӣ, қарзи ҷавонмардии хешро дар назди халқу Ватан дарк намуда, дар татбиқи ҳадафҳои олии кишвар ҳиссагузор ҳастанд. Мавқеи фаъол ва саҳми ин қишри неруманду созанда дар бунёди давлатдориамон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ назаррас аст.

Дар даврони мураккаби кишвар, соли 1994 дар анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҷавонон яке аз аввалинҳо шуда номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои интихоб гардидан ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуда буданд. Дарвоқеъ қишри ҷавони ҷомеа аз аввал дар паҳлуи Пешвои миллат буданд ва бо интихоби таърихӣ дар бунёди давлатдории навин ҳиссагузор мебошанд.

Ҷавонони далеру ғаюри кишвар дар сафҳои мақомотҳои қудратӣ сарбаландона ва содиқона хизмат карда, дар таъмини амнияти давлат, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ нақши муҳим доранд. Шурӯъ аз солҳои 90-ум дар тамоми амалиётҳои ҳарбӣ барои нест намудани гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва пешгирии амалҳои террористӣ, ҷавонони далер мавқеи калидӣ доранд.

Дар ин росто аз қаҳрамониҳои фармондеҳи дастаи “Алфа” -и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Амакиев ёдрас гардидан бамаврид аст. Номбурда моҳи сентябри соли 2015 барои безарар гардонидани гурӯҳи террористон зери роҳбарии ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит ҷасорату қаҳрамонӣ нишон дода, 16 сентябр кушта шуд. Фаъолнокӣ ва кордонии ҷавонон аст, ки онҳо дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда интихоб мегарданд. Дар ин росто идеали кулли ҷавонони кишвар мутахассиси баландихтисос, раиси тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошанд. Зери роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе симои худро куллан тағийр дода, имрӯз Душанберо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун амнтарин пойтахт дар сайругашти шабона эътироф намудаанд (https://traveltajikistan.tj/tg/safe-tajikistan/).

Дар ин самт дар вилояти Хатлон низ дастовардҳои ҷавонон зиёд буда, тибқи маълумоти мақомоти ваколатдори давлатӣ танҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда 819 нафар кору фаъолият намуда, ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тайи 80 иншооти таъиноташон гуногун аз ҷониби ҷавонон бунёд гардида истодаанд.

Дар кишвар бо ҷалби насли ҷавон гурӯҳҳои ташаббускор ва маҳфилҳои волонтёрӣ хеле фаъол гардидаанд. Бе иштироки волонтёрон баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявию минтақавии хусусияти маърифатӣ, сиёсӣ, фарҳангиву иттилоотидоштаро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Аз ҷумла, боиси таҳсин аст, ки волонтёрон 1 марти соли равон барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва баргузории чорабиниҳои оммафаҳмонӣ ҷиҳати пешгирии сирояти нави коронавирус иштироки фаъолона намуданд.

Ҷавонони соҳибистеъдод борҳо Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд. Чоршанбе Аловатов – овозхони ҷавон, барандаи шоҳҷоизаи озмуни Central Asia’s Got Talent дар соли 2019, Дилшод Назаров – чемпиони Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро соли 2016 оид ба гурзпартоӣ, Расул Боқиев - гӯштингир аз намуди дзюдо ва Мавзуна Чориева - муштзан ҷоизадори медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи кишвар оид ба футбол, ягона иштирокчии Чемпионати ҷаҳон аз кишварҳои пасошӯравӣ дар Бразилия соли 2019 ва боз садҳо нафарони дигар ғолиб ва ҷоизадорони чорабиниҳои бонуфуз гардидаанд.

Ҳамчунин ин қишри неруманди ҷомеа дар бунёди иншооти аср НБО Роғун, татбиқи ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар масоили об ва ҳадафҳои стратегии кишвар корҳои амалиро ба сомон расонида истодаанд.

Бо ёдрас гардидани нуқтаҳои боло ман бори дигар хостам собит созам, ки ҷавонон бо иродаи шикастнопазир ва хастанопазирии хеш, бо пайравӣ ба Пешвои миллат рисолати таърихии хешро дар назди Ватан- Модар дарк намуда, ҳамчун давомдиҳандагони амалҳои неки ниёгон дар бунёди давлати муосиру пешрафтаи миллӣ фаъолона иштирок доранд.

Беҳрӯз Бобоев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg