БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ҲАДЯИ ЯЗДОНИСТ

Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо  ва  заҳмати  басо сангину  азму  талошҳои  пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо  иҷрои вазифаи  бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон  басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини  ҷавобгӯ ба манфиатҳои  халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории  муосири тоҷиконро гузошт.

                                                                                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Ҳамин дастоварди бузургу муқаддаси таърихист, ки Тоҷикистони аз даст ғоратгарони дохилию берунӣ  ба дод омадаро   тавонист дар 28 соли  пойдориаш бо талошҳои ҷонфидоиёнаи марде, ки  Худованд барои миллати зери зулму  асорати  аҷнабиёни ғоратгар қарор дошта ба сари ҳокимият  овард ин  паёмовари истиқлол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад. Ин марди атои Яздонӣ тавонист дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ созад. Маҳз ин фидокориҳои ин нобиға ва ҳамин истиқлоли овардаи ӯст, ки  мо занону модарони даврони Истиқлолият  дар фазои сулҳу суботи кишвар озодона нафас мегирем, дар вазифаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат кору фаъолият дорем ва  насли наврасу ҷавонро дар шароитҳои хубу замонавӣ дар роҳи худогоҳии миллӣ, ватанпарастиву хештаншиносӣ тарбия намуда истодаем ва ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм  азиз медорем. Маҳз истиқлолият аст, ки мо мардуми тоҷик рӯз аз рӯз ба муваффақиятҳои беназиру  дастовардҳои бузург ноил гардида,  номи миллату давлатро  дар ақсои олам бамаротиб  боло бардоштем. Миллати тоҷик барои ба ин рӯзҳои пурсаодат расидан  роҳҳои пуршебу фарози  зиёдеро тай кардааст.  Ҷонбозиҳову талошҳои  фарзандони сарсупурдаи  миллат дар охир самараи нек ба бор овард, ин ҳам бошад санаи 9 сентябри соли 1991 аст. Ин санаи пурифтихори миллат  дар саҳифаи  таърихи давлатдории  мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, дар ҳамин шабу рӯз  миллати кӯҳанбунёди тоҷик аз истиқлолияти воқеии хеш иттилоъ дод.  Имрӯзҳо  бо талошҳои пайваставу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Тоҷикистонро зиёда аз 200 давлати  дунё ҳамчун  миллати тамаддунофару давлати пешрафта мешиносанду эътироф мекунанд, ки ин барои мо - мардуми тоҷик мояи ифтихору сарфарозиҳост. Истиқлолият нишони барҷастаи давлату  давлатдорӣ,  рамзи асолату ҳуввият ва шарафу эътибори  кишвар дар арсаи ҷаҳон аст.  Барои расидан ба ин рӯзи саиду муборак  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  саҳми  бузург гузоштаанд, ки нодида гирифтани хизматҳои эшон камоли бехирадӣ ва беандешагӣ аст. Имрӯзҳо сухани мо дар қатори дигар кишварҳои сайёра арзиши худро дорад ва ин ҳам бошад аз сиёсати  хирадмандонаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалии Раҳмон ва аз файзу баракати истиқлолият шаҳодат медиҳад. Рӯзи 2 сентябри соли 1992  кишвари мо узви комилҳуқуқи  Созмони Миллаи муттаҳид гардида, дар  ҷаласаҳои он  иштироки фаъолона дорад. Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми тоҷик  имкониятҳои  васеъ фароҳам овард, ки дар ҳама соҳаҳои мухталифи ҷомеа  тараққиёту пешравиҳо дида мешавад. Рӯз то рӯз  симои Ватани маҳбубамон- Тоҷикистони  азиз ба таври куллӣ дигаргун гашта, қомат афрохтани иншоотҳои  хурду бузурги замонавӣ бо бунёди роҳҳои мошингард ва нақбу нерӯгоҳҳои барқӣ ба дидаву дили кас  ба ояндаи дурахшони зиндагӣ умед ба ояндаи нек  мебахшад. 

Зебо БОЗОРОВА, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg