БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГИГИЕНАИ ШАХСӢ АСОСИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОСТ

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳамарӯза бо усули “хона ба хона” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ  доир ба пешгирии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки замин  дар ҳудуди ноҳия баргузор  мегардад. 

Ин навбат  дар деҳаи  Пахтаобод оид ба масъалаҳои  мазкур  мулоқот бо сокинон  баргузор гардида, дар он кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон тавсияю пешниҳодҳо барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ,  аз ҷумла кишти такрорӣ  дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ  пешниҳод карда, ба ҳамагон муроҷиатномаи ҳизбӣ ва тавсияномаҳоро дастрас намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg