БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАРҒИБОТИВУ ТАШВИҚОТӢ ДАР МАҲАЛ ПУРЗӮР ГАРДИД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор пайваста  бо усули «хона ба хона» суҳбат доир намуда, барои риояи гигиенаи шахсӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ  ба сокинон маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Инчунин, дар ин раванд оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои президентӣ ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дастурҳои судманд дода мешавад. Дар ҳудуди ноҳияи Фархор  оид ба масъалаҳои муҳим  корҳои тарғииботиву ташвиқотиро  пурзӯр намуда, сокинон аз чорабиниҳои баргузоргардида ба худ таассуроти нек бардошта, аз намояндагони ҳизбӣ  изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg