ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба сабаб ва роҳҳои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди маркази шаҳр, корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда, аз варақаҳои иттилоотӣ барои пешгирӣ аз коронавирус COVID-19 истифода намуда, ҳамарӯза ба мардум нисбати ин вируси хатарнок тавсияҳои муфид пешниҳод намуда истодаанд.
Масъулин дар мавриди нишонаҳои аввали бемории COVID -19, роҳҳои пешгирӣ, истифода ғизои солим, ташаккули тарзи ҳаёти солим, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ маълумот дода, таъкид карданд, ки эҳтиёт намудан ва риояи қоидаҳои санитарӣ шарт ва зарур аст.
Дар ин росто моро зарур аст, ки ба тозагӣ ва гигиенаи шахсӣ диққати махсус дода, ҳавои хонаро зуд-зуд иваз намоем ва бо ин роҳ худу атрофиёнамонро аз сироятёбӣ ба ин беморӣ эмин нигох дорем!