БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАРҒИБОТИВУ ТАШВИҚОТӢ ИДОМА ДОРАНД

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  ноҳияи Панҷ тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳои гурӯҳи тарғиботӣ баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятии коронавирус, ки аксарияти давлатҳои дунёро фаро гирифтааст, инчунин самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷалби сокинон  ба корҳои созандагиву ободонӣ, дастгирии шахсони эҳтиёҷманд ва ба таҳлука наафтидани аҳолӣ, мулоқот дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Лоҳутӣ”  баргузор гардид.

Дар охир ба истиқоматкунандагони маҳалла Муроҷиатнома  ва ниқобҳои тиббӣ тақсим карда шуда, таъкид гардиданд, ки  ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накарда, танҳо ба риояи гигиенаи шахсӣ  ҷиддӣ муносибат намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg