БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН МАНБАИ ХУБИ ДАРОМАД АСТ!

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи А. Партоеви Ҷамоати шаҳраки Муъминобод оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда,  ба сокинон  ба миқдори 53  адад маводҳои иттилоотӣ, 35 дона ниқобҳои тиббӣ  тақсим карданд.

Дар вохӯрии навбатӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод  Раҷабова Гулсунбӣ иштирок намуда, вобаста ба пешгирии сироятёбии бемории короновирус ва инчунин,  самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ фикру андешаҳои хешро баён дошта, аз сокинон барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  даъват ба амал овард.

  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg