КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу маҷлиси Кумитаи иҷроия баргузор гардида, дар маҷлиси мазкур 5 масъала баррасӣ карда шуданд.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъмин, оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар давоми шаш моҳи аввали соли 2020 маълумот дода, мавсуф зимни баромади хеш қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа дар раванди таъмини пойдории ваҳдату субот ва рушди устувори кишвар саҳми беназир гузоштааст, ки дар ин росто нақши ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб назаррас аст. Аҳли нишасти маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро зарур аст, ки корро минбаъд низ дар самти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҷоннок намуда, баҳри баланд бардоштани ҳисси маърифатнокии аъзои ҳизб ва ҷомеа чораҳои мушаххас андешанд.Дар музокираи масълаҳои баррасишаванда аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саидмурод, директори Телевизиони Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ ва раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Нозимов Талаб баромад намуда, аз фаъолияти чашмраси Кумитаи иҷроия ёдовар шуда, ба корҳои минбаъдааш барору комёбиҳо орзу карданд. Инчунин, дар идома ҷадвали хонишҳои сиёсӣ тасдиқ гардида, ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ - “Обуна-2021” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”, ҳамчунин дар бораи даъвати Конференсияи ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб сухан гуфта шуд.
Зимни музокираи масъалаҳои маҷлис аъзои Кумитаи иҷроия андешаҳои худро дар мавриди қарорҳои ба овозгузошта иброз намуда, баҳри пешравии кор таклифу пешниҳодҳои судманд намуданд.
Дар ҳамин замина вобаста ба масъалаҳои баррасишавандаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул намуд.