КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони гурӯҳи тарғиботӣ аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб атрофи мавзӯи пешгирии коронавирус ва истифодаи ҳар қитъа замин дар ташкилотҳои ибтидоии шаҳри Кӯлоб мунтазам вохӯриҳои судманд анҷом дода, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Чунин вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии “Заринкӯҳ” бо иштироки Насим Саидов мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва Дилноза Шоева мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот гузаронида шуд. Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ аз ҷониби масъулин, инчунин ба сокинон ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуда, минбаъд низ чунин мулоқотҳо дар деҳаву маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб идома хоҳад дошт.