БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРАКАТИ ЗАМИН АЗ МЕҲНАТИ ПУРСАМАР САРЧАШМА МЕГИРАД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шҳинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён миёни сокинони деҳаи Фароғат корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

Масъулин  дар суҳбат моҳияти дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро ба дарки ҳамагон расонида, таъкид карданд, ки истифодаи самараноки замин ба манфиати ҳар як оила буда, ин амал метавонад  дар фаровон гардидани  дастурхони шумо  мусоидат намояд.  Инчунин,  дар ин раванд вобаста ба мавзуъи муҳими рӯз, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, бемории сироятии коронавирус  андешаронӣ карда шуда, аз сокинон ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар хонадон, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ барои муҳофизат аз сироятёбии коронавирус  даъват ба амал оварда шуд.

Дар охир ба сокинон  варақаҳои иттилоотӣ  барои бештар маълумот пайдо намудан аз ин бемории хатарнок  дастрас  карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg