БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ АМАЛИ НОБАХШИДАНИСТ

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Конференсияи  илмию назариявӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳошияи филми мазкур зери унвони “ХИЁНАТ амали нобахшиданист” баргузор гардид.

Ба конференсия масъулин ва кормандони соҳаи ҳуқуқу тартибот, соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, занону ҷавонон, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”,  имомхатибони масҷидҳо ва дигар фаъолони ноҳия даъват гардидаанд ва ин лаҳза дар толор ҳузур доштанд.

Аз рӯйи мавзӯи матраҳгардида мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи  дастгоҳи раиси ноҳия Файзиддини Муҳаммадӣ, омӯзгори муассисаи таҳсилорти миёнаи умумии № 81 Исмоилов Раҷаб , директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17 Сироҷиддинова Дилафрӯз, собиқадори ҳифзи ҳуқуқ Сатторов Абдулҳай, директори Кохи фарҳанги ноҳия Мусулмони Саидмурод,  сархатиби ноҳия Раҷабов Эмомиддин ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат андешаронӣ намуданд.

Дар ҳақиқат имрӯз миллати сарбаланди тоҷик чеҳраи воқеъии хоинони миллатро хуб шинохтааст ва чунин душманони сулҳу ваҳдати миллӣ дигар наметавонанд, ки бо фиребу найранг ва ваъдаҳои бардурӯғи мардуми тоҷик, аз ҷумла ҷавононро гумроҳ намуда, шомили ҳар гуна гурӯҳҳои терористию ифротгароӣ гардонад.

Филми мустанади “Хиёнат” пардаро аз рӯи ин хиёнаткорон бардошта, бори дигар амалҳои ноҷавонмардонаеро, ки онҳо дар солҳои 90-уми асри гузашта ба сари мардум овардаву сабабгори сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат гардида буданд,  ошкор сохт.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg