БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮДАКОНРО АЗ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТ НАМОЕД!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Боғчаи №”1-и Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук баҳри пешгирӣ намудан аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус (СОVID-19) суҳбату вохӯриҳо доир карданд.

Дар вохӯрӣ мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Тоиров Хуршед барои ба назорат гирифтани фарзандон, такмили дониш, ба китобхонӣ ва машғул шудан, ба корҳои фоиданок ҷалби онҳо ва хусусан, манъ намудани онҳо аз шиноварӣ дар ҷӯю дарёчаҳои тезҷараён ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухан гуфта, таъкид карданд, ки дар ин давраи ҳассос кудаконро аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ бо риояи  қоидаҳои беҳдоштӣ  эҳтиёт намоянд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg