![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/2_179.jpg?itok=lCyFNMpt)
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбанк» мулоқоту суҳбатҳо доир намуданд.
Зимни мулоқот намояндагони ҳизбӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус суханрони намуда таъкид карданд, ки тибқи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ ягона роҳи наҷот аз ин бемории хавфнок риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, истеъмоли ғизои солим, худдорӣ аз иштирок дар ҷойҳои серодам ва машғул шудан ба варзиш мебошад. Ҳамзамон, ба хотири маълумоти бештар доштани онҳо маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои дар болозикршуда тақсим карда шуд.