БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАҲО НАЗАРРАСАНД, ВАЛЕ МАСЪУЛИЯТ МЕБОЯД!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.  Дар маҷлис натиҷаи ҷамъбасти   фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2020, тасдиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба татбиқи амалиёти (аксияҳои) ҳизбӣ вобаста ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Якҷоя месозем!”, таъсиси Ситоди обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари  халқ”  ва “Ҳамрози халқ”  барои соли 2021 ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлиси оид ба натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халќ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасаид  ба таври муфассал баромад намуд.  

Сипас, узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат зимни суҳбат  иброз дошт, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ноҳия дар сатҳи баланди сиёсӣ ва иштироки фаъолонаи инихобкунандагон  анҷом ёфта, номзадҳои аз ҲХДТ пешниҳод гашта интихоб гаштанд. Кормандони Кумитаи иҷроия, вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар корҳои фамонидадиҳӣ аз пешгирии бемории коронавирус дар байни аҳолӣ корҳои муайянеро анҷом дода,  имрӯзҳо аъзои Кумитаи иҷроия, вакилони Маҷлиси вакилони халқ ва маҷлисҳои маҳаллиро зарур аст, ки дар ин самт корҳои тарғиботиву ташвиқотиро миёни сокинон боз ҳам пурзӯр карда, мардумро барои дуруст истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, гирифтани ду ва се ҳосил аз як замин ва захираи маводи хӯрока барои ду сол раҳнамун созанд. Дар охир дигар масъалаҳои мазкур баррасӣ гардида,  ба ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони Маҷлиси  вакилони халқи ноҳия як қатор дастуру супоришҳои мушаххас барои фаъолияти минбаъда  дода шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg