БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ БЕМОРӢ БЕҲТАР АЗ ТАБОБАТ АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, махсусан бемории сироятии коронавирус аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо усули “рӯ ба рӯ” чорабинии ҳизбӣ  роҳандозӣ гардид.  

Вобаста ба масъалаи мазкур дар ҷойҳои ҷамъиятии бозорҳо ва нуқтаҳои савдо, ки рафту омад ва гаштугузори одамон зиёд аст, аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия маводҳои иттилоотӣ оид ба риоя намудани гигиенаи шахсӣ барои пешгирии ин бемории сироятӣ тақсим карда шуд. Зимни вохӯрӣ вобаста ба риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва оид ба анҷом додани амалу тадбирҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус аз ҷониби масъулин бо шаҳрвандон суҳбату вохӯриҳо ташкил карда,  гузаронида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg