БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРОНАВИРУС - ВАБОИ АСР

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ҳамарӯза суҳбату вохӯрӣ ва корҳои оммафаҳмонӣ баргузор намуда истодаанд. Бо ин мақсад дар Ҷамоати деҳоти Ҳалевард вохӯрии навбатӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Зафар Алиев қайд намуд,ки пайдо шудану босуръат паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус КОВИД-19 вазъи ҷаҳонро боз ҳам мураккабу печида гардонида,мардуми оламро ноорому осебпазир ва мушкилии зиёдеро пеш овардааст. Ин беморӣ ба кишварҳои хурду бузурги олам ва ҳатто давлатҳои аз лиҳози техникаву технология пешрафта зиёни сахти ҷониву молӣ расонида, имрӯзҳо боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи чаҳонӣ гардидааст.Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба алам оварда  мешавад, ки ҷиҳати пешгирии ин  бемории сироятӣ,  пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд ва аз ниқобҳои тиббӣ васеъ истифода баранд. Дар фарҷом ба сокинон маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg