А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Бо мақсади амалӣ намудани амалу тадбирҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус - COVID-19 кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамкориҳо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ, бахши ҷавонон ва варзиш, Ҷамъияти матлубот ва бо ҷалби ихтиёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар боғи фарҳангиву фароғатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Зимни баргузории вохӯрӣ бо сокинон вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоятӣ ва ноҳиявӣ, муовини раиси ноҳия Муминзода Мастура Табарӣ, мудири шуъбаи занон ва кор бо ҷавонони Кумитаи ичроияи ноҳиявии ҳизбӣ Косимова Назокат ва дигар фаъолон оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, тез-тез шӯстани дастон бо собун ва маҳлулҳои антисептикӣ, пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ба сокиноне, ки бе ниқоб гаштугшузор менамуданд, корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшида, ба сокинон ниқобҳои тиббӣ тақсим карда шуд.