БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРМАНД БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАД

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби пешсафу устувор буда, мақсаду маромаш дастгирии халқ, беҳгардонии сатҳу сифати зиндагии мардум аст ва доимо, дар ҳама ҳолат паҳлуи сокинони кишвари азизамон мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар кору фаъолияти худ кумакрасону ғамхори халқ буда, аз рӯи 14 самти афзалиятнок корро пеш бурда, мунтазам корҳои тарғиботиву ташвиқотиро оид ба масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи имрӯза ба роҳ мемонад.

Расонидани иттилооти зарурӣ ба мардум, таблиғу ташвиқ ба ободониву созандагӣ, тозагиву зебогардонии муҳити зист, саҳм гузоштан дар рушду тараққиёти кишварамон – Тоҷикистони азиз аз ҳадафҳои муҳими ҳизбиён маҳсуб меёбад. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон пахши маводҳои иттилоотиву таблиғотӣ дар сомона ва Фейсбук яке аз бахшҳои муҳим маҳсуб меёбад. Корманди масъули ин вазифа ҳамарӯза аз мутахассиси  шуъбаи иттилоот маводҳои аз кумитаҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъоваришударо дастрас намуда, дар сомона ва саҳифаҳои иҷтимоии Фейсбук нашр мекунад, то ки мардум аз ташаббусу иқдомҳои неки аъзои ҳизб, соҳибкорон, шахсони хайрхоҳ огаҳ шуда, чунин амалҳои нек бештар анҷом дода шаванд.

Ин вазифаи пурмасъул аз корманд масъулиятшиносӣ тақозо мекунад. Яъне, иттилоъ бояд сари вақт ва мунтазам дар сомона ва саҳифаи Фейсбук пахш карда шавад, то ки хонандагон онро дастрас карда, мутолиа намоянд ва аз фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки ҳадафи асосии онҳо таъмини зиндагии шоиста ба шаҳрвандон аст, огаҳӣ пайдо кунанду роҳи ободкориву созандагиро пеша гиранд. Аз ин рӯ, корманди паҳнкунандаи маводҳои сомонаро зарур аст, ҷолибтарин мавзӯъҳоро фаврӣ интихоб намуда, ба саҳми хонандагони сомона ва саҳифаҳои иҷтимоӣ расонад. Ҳамин тариқ, корманди масъули пахши маводҳои сомона уҳдадор аст, дониш ва малакаи худро пайваста сайқал дода, ба пешрафти ин самти муҳими ҳизб мусоидат намояд.                                                                       

Умеда Акрамзода – масъули пахши маводҳои иттилоотии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg