Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷомеаи имрӯзаро беморие фаро гирифтааст, ки тамоми табибони ҷаҳон бар зидди ин беморӣ талош карда истодаанд, то ин ки мардумро аз ин бемории хатарнок эмин нигоҳ доранд. Пас бояд мо ба ин қишри ҷомеа кумак карда, дар ҳифзи саломатии хеш ва дигарон бошем.
Бо ин мақсад намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ҳамкорӣ бо табибони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои саломатии мардум бо усули «хона ба хона» варақаҳои тавсиявӣ оид ба ин падимияи COVID-19-ро тақсим намуда, таъкид доштанд, ки бе зарурат аз хона набаромада аз ҷойҳои серодам худдорӣ кунанд худ ва наздиконашонро эмин нигоҳ доранд.