А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ , бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, муовини раиси ноҳия Муминзода Мастура Табарӣ ва кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Конференсияи илмӣ- адабӣ дар мавзӯи “Ифшои розҳои нуҳуфтаи наҳзат ” баргузор гардид, ки дар он як қатор роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва фаъолони ҳизбӣ иштирок намуданд.
Дар Конференсияи мазкур Қосимова Назокат мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия дар қатори дигар баромадкунандагон оид ба самтҳои асосии пешгирии терроризм ва экстремизм дар ҷомеа, огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва фаъол намудани аҳолӣ дар роҳи мубориза ба онҳо ибрози ақида намуд.
Инчунин, дигар баромадкунандагон низ фикру андешаҳои хешро нисбати масъалаи мазкур баён дошта, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки муқовимат бо ин падидаи номатлуб кори дастаҷамъонаро талаб менамояд ва ҳар яки моро лозим аст ҷавонону наврасонро дар роҳи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ тарбия намоем.