БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ АРЗАНДА ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи самараноку мақсадноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Қумсангир бо усули «хона ба хона» чорабинии ҳизбӣ доир намуданд.

Дар ин росто ба сокинон варақаҳои тарғиботӣ оид ба пешгирӣ аз ин вабои аср тақсим карда шуда, масъулин дар раванди вохӯриҳо ба сокинон таъкид намуданд, ки гигиенаи шахсӣ, тозагии маҳали зистро риоя карда, дар ҷойҳои серодам аз ниқобҳои тиббӣ  истифода баранд.

Сипас, вобаста ба дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин ба хотири таъмини амнияти озуқавории кишвар суханронӣ карда шуда, ба сокинон барои татбиқи ҳадафи сеюми кишвар стратегияи таъмини амнияти озуқаворӣ тавсияҳои судманд дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg