Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаи Рӯзиоободи Ҷамоати деҳоти Фирӯза бо усули «хона ба хона» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Ализода Сураё чорабинии ҳизбӣ доир гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ Ализода Сураё дар бораи бемории сироятии коронавирус ва нишонаҳои пайдоиши он андешаронӣ карда, афзуд, ки сиҳатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст. Агар мо қоидаҳои беҳдошти саломатиро, гигиенаи шахсиро мунтазам риоя намоем, дар ин маврид метавонем садди роҳи хуруҷи ин бемории хатарнок гардем. Аз ин хотир моро зарур аст дар ин давраи ҳассоси зиндагӣ аз ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ васеъ истифода бурда, қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонамон таъмин созем. Инчунин, мавсуф дар идома вобаста ба дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳама суханрониҳояшон ба мардуми Тоҷикистон дар бораи таъмини амнияти озуқавории кишвар, аз ҷумла самаранок истифода бурдани замин таъкид месозанд, мулоҳизаронӣ карда, қайд намуд, ки набояд мо дар истифодаи замин бепарво бошем, баръакс бо меҳнати софдилона ҳар ваҷаб замини зархезамонро самараноку оқилона истифода бурда, ҳосили дилхоҳ ба даст орем, то ин ки зиндагии худ ва дигаронро бо молу маҳсулоти тару тозаи ватанӣ таъмин созем.