АНДЕША.Чанд рӯз пеш бо иқдоми ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва намояндагони расмии 17 кишвари бонуфӯзи дунё дар пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгаройии хушунатомез» баргузор гардид. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори он иштирок ва нутқи пурмуҳтаво карданд.
Ин ҷо қабл аз оне, ки ҳамрайъии хешро оиди суханрониҳои иштирокдорони Конференсия баён намоям, мехостам чанд нуқтаеро аз мусоҳибаи яке аз рӯзноманигорони кишвари ғарбӣ бо сарлашкари маърӯф Аҳмадшоҳи Масъуд манзур намоям, ки соли 2001 ба нашр расидааст.
Хабарнигор: Шумо қариб бо ҳама сарварони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон суҳбатҳо доштед ва бо онҳо шинос ҳастед. Ба андешаи Шумо кадоме аз онҳо бештар мутобиқ ба меъёрҳои муайяншуда ҳукуматдорӣ мекунанд?
Аҳмадшоҳи Масъуд: Метарсам, ки бо ҷавоби худ ба саволи Шумо ба иззати нафси касе нарасам. То ҷое, ки ман воқиф ҳастам қатъи назар аз мушкилоте, ки Тоҷикистон ба он муваҷҷеҳ гардид, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов сидқан сайъу кӯшиш дорад, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҳарчӣ зудтар ба эътидол ояд ва кишвараш рӯ ба инкишоф ва демократия биниҳад.
….Бовар кунед таваҷҷуҳи хосаи ман ба ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов ба хотири ҳаммилатии мо нест, балкӣ асоси воқеӣ дорад. Танҳо сарвари хирадманду воқеан ватанпараст қодир аст, ки дар як муддати кӯтоҳ кишварро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ, кибо васвасаю ангезаи душманони миллати тоҷик ба амал омад берун кашад. Хушбахтона ба душманони миллати тоҷик муяссар нашуд, ки ба ҳадафҳои пасти худ ноил гашта, тоҷиконро ба маҳаллу табақаҳо ҷудо кунандва бо ин васила давлати тоҷиконро аз байн бибаранд. Бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кунад, ки саҳми Эмомалӣ Раҳмонов дар истиқрори Сулҳ дар Тоҷикистон бағоятбузург аст ва ин бори дигар аз бузургии хиради мардуми форсизабон далолат мекунад.
Хабарнигор: Ин гуфтаи Шуморо як ҳикматшиноси бузурги олмонӣ бо номи Хейгель чанд аср пештар баён карда гуфта буд, ки хиради форсӣ дар олам қадимтарин ва бузургтарин аст.
Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз авҷи низоъ ва зуҳуроти терроризму экстримизм, ки беш аз 100 миллати ҷаҳонро фаро гирифтааст, изҳори нигаронӣ намуданд. Амалҳои харобиовар, қурбон гаштани ҳазорҳо ғайринизомӣ, бе хонаву сарпаноҳ монданугурезаи иҷборӣ гардидани миллионҳо нафарро таъкид наъмуда, даъват ба амал оварданд, кибо дарназардошти воқеъияти рӯз барои таъмини амнияти ҳамаҷониба дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм, омилҳои дастгирии сиёсӣ ва низомӣ молиявӣ тавассути қабули тадбирҳои муштарак бояд чораандешӣ намуд.
Зимни суханронии хеш Сарвари кишварамон аз ҷумла изҳор доштанд, ки баъди маҳву нобуд гардидани қисми зиёди террористоне, ки дар давлатҳои Сурия, Ироқ, Яман, Лубнон ва ғайраҳо қарор доштанд. Имрӯзҳо қароргоҳи худро дар давлати ба мо ҳамсоя - Афғонистон, ки марзи беш аз 1400км дорем интихоб кардаанд ва қаламрави онро ба майдони ҳарбу зарби терроризми байналмиллатӣ табдил додаанд, ки хавфу хатараш на танҳо ба Тоҷикистони балкиба ҳамсоякишварҳои мо Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон Қазоқистон метавонад таҳдид намояд. Миёни онҳое, ки имрӯзҳо тарки ватани аҷдодии худ намуда, ба сафи қувваҳои аҳриманӣ пайвастанд бо таассуф бояд қайд намуд, ки ҳамватанони мо низ ҳастанд, ки таҳти таъсири хоҷаҳоихориҷии худ яроқ дар даст омодаи ҳамла ба ватани аҷдодияшон ҳастанд. Инҳо онҳоеанд, ки фирефтаи таблиғу ташвиқи гурӯҳи ба ном «24» гашта, нияту орзуи ноором кардани зиндагии ороми миллати моро доранд.
Солҳои 90-уми асри гузашта шумо «инқилобиён» таҳти ҳидояти хоҷаҳои хориҷиятончунин нақшаро тарҳрезӣ намуда, ҳазорҳо нафар тоҷиконро қурбон карда бошед ҳам, дар ниҳоят саркуб шудед. Ин дафъа ҳам, ки чунин андешаро дар сар меандешед, он солҳоро фаромуш насозед, фазои беғубори кишвари моро ғуборолуд насозед. Мо аллакай фаҳмидаем, ки шумо кистед ва дар қалби аҳриманиятон чи мепарваред.
Мо намегузорем, ки фазои кишвари ободамонро дубора ғуборолуд гардонед.
Ҳотам Раҷаби АСОЗОДА, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Осорхона"