БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АЗ МУЛОҚОТ ТААССУРОТИ НЕК БАРДОШТАНД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  максади   таъмини  пешгирии  хатари  бемории  коронавирус  гурӯҳи  кории Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  тибқи нақшаи  чорабиниҳои  таҳиянамуда,  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемориро   тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ   дар  байни сокинони  деҳаю  маҳаллаҳои  Ҷамоатҳои  шаҳраку деҳот   ба  роҳ  монда  истодаанд.

Дирӯз  дар  деҳаи  Ваҳдати  Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза  бо  усули  «хона  ба хона»  вохӯрӣ   баргузор  гардида, таъкид  шуд, ки қоидаҳои  беҳдоштро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд  ва аз иштирок дар ҷойҳои серодам бе ниқобҳои тиббӣ худдорӣ  намоянд.

Ҳамчунин дар идомаи суҳбат масъулин вобаста ба   истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ,  президентӣ  ва  хоҷагиҳои  деҳқонию фермерӣ  андешаронӣ карда шуда, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифодаи самараноки замин  маҳсулоти хӯроквориро дар оилаашон таъмин намоянд. Дар навбати худ сокинон   аз чорабинӣӣ доигардида изҳори миннатдорб баён дошта, ваъда доданд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар амал ва сари вақт иҷро хоҳанд кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg