БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲҲОИ ГУЗАРИШ ВА ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС БА ДАРКИ СОКИНОН РАСОНИДА ШУД

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиаттҳои миллӣ. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус  бо сокинони  кӯчаи  Сохтмончиёни  Ҷамоати  шаҳраки Ховалинг бо усули “хона ба хона”  суҳбат доир намуданд. 

Дар чорабинӣ ба иштирокдорон фаҳмонида шуд, ки бемории коронавирус  дар кишвар пурра аз байн бурда нашудааст ҳоло ҳам гирифторшавӣ ба ин беморӣ дида мешавад. Аз ин  рӯ, мардум набояд бепарво бошанд ва бояд ба таври ҳатмӣ қоидаҳои беҳдоштии шахсиро риоя созанд.

Дар суҳбатҳо бештар аз 96 нафар соҳибони манзилҳои исиқоматӣ  иштирок намуда, дар бораи роҳҳои гузариш ва пешгирии бемории коронавирус маълумот пайдо карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg