БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲНАТ КУНӢ, РОҲАТ МЕБИНӢ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо мақсади бо мардум фаҳмонидани  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ оид ба истифодаи самараноки замин дар асоси Аксияи таблиғотии “хона ба хона” бо сокинони деҳаи Сафедшаҳраки Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ суҳбат доир намуданд.

Дар суҳбат масъулин  дар бораи вазъи буҳрони  ҷаҳонӣ, зарурати бештар пайдо намудани истифодаи самараноки замин ва аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи истифодаи мақсадноки замин ва аз як замин рӯёнидани чанд ҳосил  муфассал маълумот доданд. Иштирокдорон  аз   суҳбатҳои доирнамуда ҷиҳати истифода,  нигоҳубин ва  ғизодиҳии маҳсулотҳои киштнамудаашон ба худ маълумоти зарурӣ  пайдо карданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg