БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИСБАТИ КОРОНАВИРУС МО НАБОЯД БЕПАРВО БОШЕМ!

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Суҳбати доирнамудаи  кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус  бо усули “хона ба хона” бо сокинони  кӯчаи ба номи Шамсиддин Шоҳини Ҷамоати  шаҳраки Ховалинг хеле муфид анҷом ёфт.

Дар суҳбатҳо  бештар аз 83 нафар соҳибхонаҳо  иштирок намуда, дар бораи роҳҳои гузариш ва пешгирӣ аз паҳншавиии бемории коронавирус маълумоти зарурӣ пайдо намуданд. Инчунин, ба иштирокдорон фаҳмонида шуд, ки бемории КОВИД -19  дар ҷумҳурӣ пурра аз байн нарафтааст ва ҳоло ҳам гирифторшавӣ ба ин беморӣ дида мешавад. Аз ин  рӯ, мардум набояд бепарво бошанд ва бояд ба таври ҳатмӣ қоидаҳои беҳдоштии шахсиро риоя намоянд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg