БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ ОМИЛИ АСОСИИ САЛОМАТӢ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади нигоҳ доштани солимии ҷомеа ва самараноку оқилона истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин бо усули “хона ба хона” бо сокинони маҳаллаи ба номи Мирзо  Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Москва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Зимни баромад мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, ки омили асосии саломатии ҷомеа мебошад, суҳбат намуда, қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали бақайдгирии ин беморӣ чораҳои фаврию судманд амалӣ шуда, Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории нави COVID-19- ро таъсис дод.

Инчунин, дар идомаи суҳбат иброз гардид, ки шаҳрвандон бояд аз ниқоби тиббӣ истифода бурда, бе зарурат ба ҷойҳои серодам нараванд ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ масофаро риоя намоянд.

Дар охири чорабинӣ масъулин ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва оқилонаву самаранок истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи заминро тақсим карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg